Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико аз Трамп рӯ гардонд


Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико Пол Райан гуфт, ки баъди шарҳи ҷанҷолбарангези Доналд Трамп дар робита ба занҳо ӯ дигар аз номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар сабқати президентӣ пуштибонӣ намекунад. Райан, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ҷараёни конфронси телефонӣ бо ҳамҳизбиёни қонунгузораш гуфт, ба маъракаи пуштибонӣ аз Трамп ҳамроҳ намешавад.

Қаблан гуфта мешуд, ки Райан Трампро аз пуштбониаш маҳрум накардааст, аммо ба ӯ кумак ҳам намекунад. Ба ҷойи ин, ӯ ба таблиғи номзадҳои ҳизб дар интихоботи Конгресс машғул мешавад. Дар посух Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки Райан вақташро дар мубориза бо ӯ зоеъ накунад.

Намояндагони маъракаи интихоботии Ҳизби демократ изҳороти Райанро дар заминаи даст кашидан аз пуштибонии Трамп "бисёр шигифтангез" арзёбӣ карданд. Ҷен Палмери, раҳбари бахши равобити маъракаи Ҳилларӣ Клинтон гуфт, даст кашидани раҳбарони Ҷумҳурихоҳ аз Трамп амали "бисёр таъхирёфта" аст. Райан дар ҳоле аз Трамп рӯ гардонд, ки сенаторҳои Ҷумҳурихоҳ, аъзои Палатаи намояндагон, губернаторҳо ва сиёсатмандорони собиқ аз Трамп даъват карданд, ки аз сабқати президентӣ хориҷ шавад.

XS
SM
MD
LG