Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот дар Форёби Афғонистон гуфтаанд, ки Толибон ноҳияи Ғурмоҷи ин вилоятро ба тасарруфи худ даровардаанд. Абдулкарим Юриш, сухангӯи пулиси ин вилоят ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии афғон ва афроди Толибон аз як рӯз ба ин тараф идома дошт ва субҳи сешанбе нерӯҳои давлатӣ бинои ҳукумати ноҳияро тарк карданд. Вай гуфтааст, ки талошҳои барои бозпасгирии бинои ҳукумати ноҳия идома дорад. Теъдоде аз намояндагони вилояти Форёб дар парлумони Афғонистон аз вазъи амниятӣ дар ин вилоят нигаронӣ намуда ва ҳушдор додаанд, ки агар вазъ ба ҳамин шева идома кунад ва ҳукумати марказӣ ба вазъ дар ин вилоят таваҷҷуҳ накунад, монанди Кундуз ва Урузгон аҳолии ин вилоят маҷбур ба тарки хонаҳояшон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG