Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқ Нодия Мурод соҳиби ҷоизаи Ватслав Ҳавел шуд


Ҳомии ҳуқуқ Нодия Мурод барандаи чоруми ҷоизаи Ватслав Ҳавел, ки барои фаъолиятҳои барҷаста дар бахши ҳуқуқи инсон дода мешавад, эълон шуд. Нодия Мурод яке аз фаъолони ҷамъияти язидиҳои Ироқ аст, ки ба асорати ҷангиёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" афтода, шиканҷа шуда буд. Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо зимни чорабинии махсус, ки 10 октябр дар Страсбург баргузор шуд, ҷоизаи ӯро 60 ҳазор евро қадр кард.

Мурод, ки ҷангиёни ДИ ӯро соли 2014 дар шимоли Ироқ гаравгон гирифта буданд, баъди се моҳ тавонист ба Олмон фирор кунад. Аз он ба баъд ӯ ҳамчун ҳомии ҳуқуқ маъруф ва сафири рамзии СММ шуд. Вай яке аз нахустин нафаронест, ки вазъи бади язидиҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хабар дода, гуфт, ин ҷамъият қурбони бардагии ҷинсӣ гашта, занону кӯдаконаш қочоқ мешаванд.

Ба Гордан Игрич, рӯзномагирои сербӣ ва Институти байналмилалии ҳуқуқи инсон /Бунёди Рене Кассин низ ҷоизаи Ҳавел дода шудааст.

XS
SM
MD
LG