Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми Тошканду Остона барои рушди муносибати дуҷониба


Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон, 10 октябр бо Нурсултон Назарбоев – раиси ҷумҳури Қазоқистон – телефонӣ суҳбат кардааст. Ин гуфтугӯ бо ташаббуси ҷониби Остона сурат гирифтааст. Раҳбарони ду давлат ҷараёни иҷрои созишномаҳоеро баррасӣ карданд, ки дар мулоқоти ахири сатҳи олӣ имзо шуда, рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту иртибот, фарҳанг ва соҳаҳои дигарро дар бар мегиранд. Ҷонибҳо ба натиҷаи сафари кории ҳайатҳои Узбакистону Қазоқистон дар сатҳҳои гуногун ва имзои шартномаҳои муҳими тиҷорӣ дар самтҳои афзалиятнок баҳои баланд дода, инчунин, дар бораи як қатор масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар карданд. Мирзиёев ва Назарбоев созиш кардаанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо рушд ва равобити дӯстонаву ҳамсоядории нек таҳким дода шавад.

XS
SM
MD
LG