Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо Туркманистону Афғонистон


Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тимҳои миллии Туркманистон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 моҳи ноябр бо тимҳои миллии Афғонистон ва Туркманистон ду бозии дӯстона хоҳад кард. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мшавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик рӯзи 9-уми ноябр бо мунтахаби Туркманистон, ки дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) дар ҷойи 116-ум қарор дорад, рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 шуруъ мешавад.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 13 ноябр дар ин иншооти асосии кишвар соати 16:00 оғоз меёбад. Дар айни ҳол тими миллии Афғонистон дар раддабандии ФИФА нисбат ба мунтахаби Тоҷикистон панҷ зина поин ҷойгир шуда, мақоми 149-умро касб кардааст.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон ба мисли мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон

9 ноябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Тоҷикистон – Туркманистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

13 ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон – Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG