Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар Истанбул


Президенти Русия Владимир Путин дар Истанбул дар нишасти масоили энержӣ бо раҳбари Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот кард. Путин ба Туркия рӯзи 10 октябр бо ҳадафи иштирок дар 23-юмин Конгресси ҷаҳонии масоили энержӣ рафт ва, қарор аст, дар ҷараёни он суханронӣ кунад. Ин нахустин сафари раҳбари Русия ба Туркия баъди нишасти Гурӯҳи 20 дар Анталия дар моҳи ноябри соли гузашта мебошад. Як моҳ баъди ин равобити миёни Русияву Туркия бад шуд. Маскав Анкараро дар суқут додани ҳавопаймои ҷангии русӣ дар марз бо Сурия моҳи декабри соли гузашта айбдор ва болои Туркия таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҷорӣ кард. Вале баъди ним соли ин ҳодисаҳо Эрдуғон узрхоҳӣ кард. Зимни сафараш ба Истанбул президент Эрдуғон Путинро ҳамроҳ бо раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев хеле гарм пазироӣ кард. Кремлин гуфт, дар гуфтугӯи Путину Эрдуғон масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, масоили доғи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Сурия баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG