Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Сечин бар "Новая газета"


Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав аризаи даъвоии Игор Сечин, президенти ширкати “Роснефт” зидди нашрияи “Новая газета” ва хабарнигор Роман Анин дар бораи ҳифзи обрӯ ва эътибори кори ӯро ба таври пурра қонеъ кард. Додгоҳ қарор кард, ки маълумот дар бораи мансубияти киштии "Святая княгиня Ольга" ба ҳамсари Сечин ба ҳақиқат ҷавобгӯ нест ва боиси обрӯрезӣ аст. Аз рӯи қарори суд, нашрия бояд ки мақоларо аз вебсайташ пок карда, ба ҷои он як раддия нашр кунад.

Раҳбари ширкати “Роснефт” ҳеҷ талаби дигари мисли пардохти ҷубронпулӣ накардааст. Дар мақолаи “Новая газета” аз рӯзи 1 август навишта шуда буд, ки киштие бо арзиши 150 миллион доллар метавонад дар ихтиёри ҳамсари Сечин – Олга қарор дошта бошад. Вакилони дифои раҳбари "Роснефт" нашрияро ба мудохили ҳаёти хусусӣ айбдор карданд. Нашрияи "Новая газета" мегӯяд, ки ин маълумот таваҷҷӯҳи ҷамъиятиро ҷалб мекунад, ба он хотир, ки Сечин раҳбарии ширкати давлатиро ба ӯҳда дорад. Дар гузашта Сечин аз роҳи суд тавонист як тиражи рӯзномаи “Ведомости”-ро нобуд кунад, ки дар он дар бораи мансубияти хонае дар маҳаллаи Барвихаи Подмоскове ба ӯ сӯҳбат мешуд.

XS
SM
MD
LG