Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 10 пулиси афғон аз сӯи Толибон


Мақомоти пулиси Афғонистон гуфтанд, ки ба камияш 10 афсари пулис дар як таркиши маргталабонае дар Лашкаргоҳ, маркази вилояти ҷанубии Ҳилманд, кушта шуданд. Ҳоҷӣ Марҷон, раиси пулиси вулусволии Нодалӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса ҳамчунин чор фарди мулкӣ кушта шудаанд ва эҳтимол, шумори қурбониҳо боз ҳам афзоиш ёбад.

Раҳматхон, марде, ки шоҳиди ҳодиса шудааст, рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо хабаргузории "Ассошейтед Пресс" аз Лашкаргоҳ гуфт:

"Вақте расидам, дар тамоми ҷо ҷасади мурдаҳо ва афроди захмиро дидам. Мурда хеле зиёд буд. Ману дигар нафарон ин ҷасадҳоро ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ бор кардем".

Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, Толибон инчунин болои посгоҳи амниятии Лашкаргоҳ як ҳамлаи густарда анҷом доданд. Ба гуфтаи ӯ, нирӯҳои давлатӣ “ба зудӣ ҳамлагаронро берун хоҳанд кард”. Аксар қисматҳои Ҳилманд, як минтақаи аслии тавлидкунандаи хашхош, тайи моҳҳои охир зери назорати Толибон қарор дорад. Ҳоло Толибон 85 дар сади ин минтақаро зери назорат доранд ва соле пеш ҳам вазъ айнан ҳамингуна буд.

XS
SM
MD
LG