Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи Нобел дар умури иқтисод ба олимони Амрико


Ҷоизаи Нобел дар умури иқтисодро олимони амрикоӣ Оливер Ҳарт ва Бенгт Ҳолмстрём барои саҳмгузорӣ дар "назарияи созишҳо" дарёфт карданд. Барандагони ҷоиза барои такмили назарияи қарордодҳо, ки аз таҳлили пардохтҳои пулӣ, интиқоли маблағҳо ба суғурта, хусусигардонии бахши давлатии иқтисод иборат мебошад, ба ҷоизаи Нобел мушарраф шуданд. Гойрен Ҳанссон, дабири кулли Академияи улуми салтанатии Шветсия зимни эълони ҷоиза дар Стокҳолм рӯзи 10 октябр гуфт:

“Академияи салтанатии улуми Шветсия қарор кард, ки ҷоизаи улуми иқтисодиии “Свериесриксбанк”-ро ба хотири Алфред Нобел дар соли 2016 ба Оливер Ҳарт ва Бенгт Хольмстрём барои саҳми онҳо дар назарияи қарордодҳо тақдим кунад”.

Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод соли 1968 аз ҷониби Бонки марказии Шветсария, бахшида ба 300-солагии бонк ва ба хотираи Алфред Нобел таъсис ёфт. Бори аввал ин ҷоиза дар соли 1969 соҳиби худро ёфт ва ҳоло бори 48 тақдим мешавад. Бар пояи васияти худи Нобел ҷоизаи ӯ аз соли 1901 дар бахшҳои физика, кимиё, тиб, адабиёт ва сулҳ ба афроди саҳмгузор дар рушди ин соҳаҳо тақдим мешавад.

XS
SM
MD
LG