Пайвандҳои дастрасӣ

Песков: Путин ба сафари Париж омода мешавад


Омодагӣ ба сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар, ба Фаронса ҷараён дорад. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин дар ин бора хабар дод ва гуфт, ин сафари Путин 19 октябр оғоз шуда, мулоқоти Путин бо президенти Фаронса Франсуа Олланд барномарезӣ шудааст.

Қаблан гуфта мешуд, дар чаҳорчӯби ин сафар масъалаи Сурия ва Украина матраҳ мешавад. Аммо ахиран Франсуа Олланд зарурати ин мулоқотро зери суол бурдааст. Президенти Фаронса гуфтааст, ки бомбаборони Ҳалаб метавонад, ҳамчун "ҷинояти ҷанг" арзёбӣ шавад.

Ҳафтаи гузашта нашрияи "Le Figaro" навишт, ки Владимир Путин дар асл ин меҳмониро аз ҷониби Фаронса худаш хостааст. Тавре хабарнигори "Le Figaro" дар Маскав Пиер Аврил мегӯяд, дар ҳоле масъалаи Сурия дар байни ду кишвар шикоф эҷод кардааст, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар Маскав дасти ҳамтои фаронсавиаш Жан-марк Эроро базӯр фишурда, ин меҳмониро дар гардани онҳо бор кард ва сафари президент Путинро ба Париж эълон намуд.

XS
SM
MD
LG