Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киштии низомии Амрико аз Яман тирборон шуд


Киштии низомии дарёгарди Амрико рӯзи якшанбе аз соҳилҳои Яман мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт. Хабаргузории Рейтер аз қавли намояндаи Пентагон гуфт, ба сӯи ин киштӣ ду мушак партоб шуд. Ба қавли намояндаи низомии Амрико, мушакҳо эҳтимол аз қаламравҳои таҳти назорати ҳусиҳо, гурӯҳи мусаллаҳи шиамазҳаб, партоб шудаанд. Намояндаи ҳусиҳо ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ки онҳо дар ин ҳамла даст надоранд.

Низои мусаллаҳона дар Яман аз моҳи сентябри соли 2014 ҷараён дорад. Ҳусиҳо аз ақаллиятҳои шиа дар ин кишвар намояндагӣ мекунанд ва бо истифода аз пуштибонии ғайрирасмии Эрон бо ҳукумати эътирофшудаи Яман дар ҳоли ҷанганд. Ҳукумати эътирофшудаи Яман аз кумаки эътилофи таҳти назари Арабистони Саудӣ бархӯрдор аст.

Ҳафтаи гузашта дар пайи ҳуҷуми ҳавоии эътилоф ба Санъо, пойтахти Яман, ба камияш 140 нафар, асосан афроди мулкӣ кушта шуданд. Ба дунбол, Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки шарти ҳимоят аз ин эътилофи таҳти назорати Саудиро бознигарӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG