Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Духтари Ислом Каримов: Бе падар зиндагӣ сахт аст


Лола Каримова-Тиллоева - духтари Ислом Каримов - раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон, ки аввали сентябри имсол вафот кард, ҳамроҳ бо модар ва шавҳар ба зиёрати қабри падараш рафтааст. Лола мегӯяд, падарашро бисёр ёд кардааст. Дар ин бора вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст. "Ҳамаи аҳли хонавода падарамро ёд кардаем ва аз ин талафот андуҳгинем", - навиштааст духтари Ислом Каримов. Лола ҳамчунин навиштааст, ки парвонаи сафеде гирди қабри падараш давр мезад. "Ин нишонаи он аст, ки Ислом Каримов аҳволи хуб дорад", - афзудааст ӯ. Ислом Каримов 2 сентябр вафот ва 3 сентябр дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд.

XS
SM
MD
LG