Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ронандаи "силоҳфурӯш" дар Қирғизистон


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон қазияи силоҳфурӯшии Марат Кенжесариев, ронандаи раиси Кумитаи давлатии ин кишвар оид ба масъалаҳои дифоъро тафтиш дорад. Майрамбек Мусиев, сухангӯи Кумитаи давлатии Қирғизистон оид ба масъалаҳои дифоъ хабари боздошти ронандаро тасдиқ кардааст.

Аммо гуфтааст, "феълан тафтишот идома дорад ва наметавонем, ному насаб ва ҷузъиёти дигарро ифшо кунем. Маълумоти бештарро мақомоти тафтишотӣ баъдан ироа хоҳанд кард". Масъулони хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон низ ваъда додаанд, ки қазияро баъдан шарҳ медиҳанд.

Бино ба хабарҳо, Кенжесариев ҳафтаи гузашта ҳангоми фурӯхтани се дона автомати Калашников ба аъзои гуруҳи ҷиноие боздошт шудааст. Ин силоҳҳо аз анбори яке аз қисмҳои низомӣ гирифта шудаанд. Мақомот, инчунин, дар натиҷаи кофтукоби манзили боздоштшуда ҳолатҳои дигари нигаҳдории ғайриқонунии силоҳҳоро ошкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG