Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи тирпаронии ду гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилояти Бадахшон, Одинашоев Фирӯз Асановичи 33-сола ҷон бохтааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса баъди зуҳри 9 октябр рух дода, ангезаи ҷанҷол, ки боиси марги як нафар шуд, зоҳиран пул будааст.

Маркази вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли Абдулло Назаров, раиси пешини идораи амнияти вилоят дучори нооромиҳо шуда буд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар муноқишаи Хоруғ як ҷавон кушта шудааст, вале аз касе ном набурд. Ӯ гуфт, "муноқишаи авбошона бо истифода аз силоҳи оташфишон боис ба марги сокини ҷавони Хоруғ шуд. Дар ин ҳодиса каси дигар захмӣ нашудааст". Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, манобеи Радиои Озодӣ дар Хоруғ гуфтанд, Фирӯз Одинашоев, сокини маҳаллаи "Балнисен", корманди фурӯшгоҳи "Атлантика" ва соҳиби як фарзанд будааст. Ба иттилои ҳамин манобеъ, ҳоло сокини маҳаллаи Носири Хисрави Хоруғ Орзу Бойназаров ба гумони даст доштан дар марги Фирӯз Одинашоев таҳти пайгард қарор гирифтааст. Вале пулис то ҳол ин иттилоъро таъйид накардааст.

Эҳтимоли афви бархе аз эътирозгарони Хоруғ

Як манбаъ дар додситонии кулли Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, бахше аз ширкаткунандагони нооромиҳои Хоруғ мавриди афв қарор мегиранд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз истифодаи силоҳ дар "разбор"-ҳои Бадахшон нигаронӣ карда, дар чанд соли гузашта ба ҷамъоварии силоҳи сокинон дар минтақа пардохтанд. Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар панҷ соли гузашта аз сокинони вилояти Бадахшон беш аз 1200 силоҳи оташфишон мусодира шудааст. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки чаро бо вуҷуди халъи силоҳи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар муноқишаҳо дар Бадахшон аз силоҳи оташфишон истифода мешавад?

Алим Шерзамонов, таҳлилгари тоҷик ва узви фаъоли Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфт, "гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бо худ силоҳ доштанд. Вале то ҳол маълум нест, ки таппончаи дар ин ҳодиса истифодашуда қонунӣ буд, ё ғайриқонунӣ." Дар ҳоле ки ба қавли Алим Шерзамонов, "гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар пайи даргириҳои соли 2012 ҳамаи силоҳи худро ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар таслим кардаанд. Умдатан, ин гуна "разбор"-ҳоро гурӯҳҳои ҷиноӣ созмон дода ва дар баъзе ҳолатҳо аз силоҳ кор мегиранд."

Алим Шерзамонов

Алим Шерзамонов

Тирпаронии гуруҳи ҷавонон дар Хоруғ баъди як соли тирпаронӣ дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон рух дод, ки дар пайи он низ як ҷавон кушта шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, Бадавлат Кименов - сокини бистсолаи ноҳияи Рӯшон ва донишҷӯи соли дувуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ - баъди он кушта шудааст, ки ӯ ва ҳашт дӯсту ҳамроҳаш дар назди бинои "Тоҷиктелеком"-и Рӯшон ронандаи худрави тамғаи "Ланд-Крузер" Асрат Ёқубов (1978)-ро латту кӯб намудаанд.

Маркази вилояти Бадахшон дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли Абдулло Назаров, раиси пешини идораи амнияти вилоят дучори нооромиҳо шуда буд. Дар он сол мақомоти амниятӣ амалиётеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар дар минтақа ба роҳ андохтанд ва бино ба гузоришҳо, дар натиҷа аз ҳарду тараф то 70 нафар кушта шуданд.​

Эътирозҳои моҳи майи соли 2014 дар Хоруғ

Эътирозҳои моҳи майи соли 2014 дар Хоруғ

Баъдан, дар моҳи майи соли 2014, дар пайи як тирандозӣ эътирозҳои Хоруғ оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус (ОМОН) кушта шуда ва 4 тани дигар захм бардоштанд.

Баъд аз ин ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти маъмурони ОМОН ба назди бинои раёсати умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису додситониро оташ заданд. Дар як ҳодисаи дигар дар шаби 23 майи соли 2014 дар назди бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон боз як нафар куштаву ду тани дигар захмӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG