Пайвандҳои дастрасӣ

Дар натиҷаи таркиши худраве дар Туркия 18 нафар ҷон бохтаанд. Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия гуфт, дар таркиши рӯзи 9 октябр 30 тани дигар ҷароҳат бардошта, дар миёни кушташудаҳо афроди мулкӣ ҳастанд. Мошини бомбгузоришуда дар нуқтаи назоратӣ дар марзи Туркия бо Ироқу Эрон таркидааст. Ба қавли нахуствазири Туркия, дар ин худрав панҷ тонна маводи тарканда гузошта шуда буд. То ҳол ягон гуруҳ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Аммо Анқара дар ҳодисаҳои мушобеҳ ҳизби коргарони Курдистон, як созмони мамнӯъ дар Туркияро муттаҳам карда буд.

XS
SM
MD
LG