Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони Метю дар Амрико ҷони 12 нафарро рабуд


Тӯфони харобиовари Метю, ки аз Ҳаити то Амрико расидааст, дар иёлати Флорида, Ҷорҷия ва Каролинаи Шимолӣ ҷони 12 нафарро рабуд. Мақомоти Амрико гуфтанд, шиддати Метю рӯзи шанбе то ҳадде поин шуда, суръати бод аз 200 километр дар соати қаблӣ то 120 километр фаромадааст. Вале мақомот гуфтанд, таҳдиди тӯфон мисли пешина боқӣ мемонад. Тӯфони Метю, ки дар Ҳаити ҷони 870 гирифт ва даҳҳо манзилро хароб кард, рӯзи ҷумъа ба Амрико расид. Дар пайи ин тӯфон дар се иёлат қариб ним миллион аҳолӣ бе нерӯи барқ мондаанд. Метю аз соли 2007 ба ин сӯ яке аз тӯфонҳои пуршиддат дар минтақа будааст.

XS
SM
MD
LG