Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои аввалияи интихоботи Гурҷистон


Дар интихоботи порлумонии Гурҷистон ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ” пешсаф аст. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ, ин ҳизб ҳудуди 50 дар сад ва “Ҷунбиши воҳиди миллӣ” тақрибан 27 дар сади овозҳоро ба даст овардаанд.

Ҳеҷ яке аз ҳизбҳои боқимонда садди панҷдарсадиро, ки шарти ворид шудан ба порлумон аз феҳристи ҳизбӣ аст, убур накардаанд. Намояндагону фаъолони Ҳизби “Ҷунбиши воҳиди миллӣ”, ки то соли 2012 ҳукуматро дар даст доштанд, шаби гузашта дар Тифлис дар назди бинои Кумитаи марказии райъпурсӣ тазоҳурот баргузор карда ва гуфтанд, ба натиҷаи интихобот бовар надоранд.

Беш аз 50 дар сади афроди қобили раъй дар интихоботи порлумонии Гурҷистон иштирок кардаанд. Раъйдиҳӣ, дар маҷмӯъ, бидуни ягон ҳодисаи ҷиддӣ баргузор шудааст. Аммо дар ҳавзаи интихоботии деҳаи Қизил-Аҷлои ноҳияи Марнеул чанд корманди пулис аз зарби сангпартоӣ осеб диданд. Даҳҳо нафар дар ин деҳа бинои ҳавзаи интихоботиро сангборон карда, талаб намуданд, ки натиҷаи интихобот бекор карда шавад.

XS
SM
MD
LG