Пайвандҳои дастрасӣ

"Қурултой" мухолифи ислоҳи Қонуни асосӣ баромад


"Қурултой" ё ҳамоиши мухолифони ислоҳи Қонуни асосӣ дар Қирғизистон бо қабули як қатънома ба поён расид. Дар ин қатънома аз Додгоҳи конститутсионӣ хоста шудааст, ки ташаббуси ислоҳи Қонуни асосиро омӯхта, ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Инчунин, талаб шудааст, ҳамаи иқдом барои баргузории референдум ғайриқонунӣ эътироф шавад. "Қурултой"-е, ки аз тарафи фаъолони мухолифин ташкил шуд, дар театри драмавии русӣ дар Бишкек сурат гирифт. Масъулони ҳамоиш гуфтанд, аз 650 нафари даъватшуда ба "қурултой" 601 нафар иштирок кардаанд. Сиёстмадорони мухолифи ислоҳи Қонуни асосӣ дар Қирғизистон гуфтанд, раъйпурсӣ танҳо ба нафъи ҳукумати феълӣ аст ва барои ҷилавгирӣ аз он бояд мухолифони ин тасмим муттаҳид шаванд.

XS
SM
MD
LG