Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пизишкон дар саҳрои пахта. Умеда тифлашро аз даст дод


Зани ҳомилае дар Узбакистон ба далели дар саҳрои пахта будани пизишкон тифлашро аз даст додааст. Наздикони Умеда Қулиева гуфтанд, коргарони одии бемористони Қашқадарё баъди сабтином духтари онҳоро на ба ҳуҷраи таваллуд, балки ба утоқи беморон бурданд, ки онҷо барои қабули навзод шароит надошт. Ин ҳодиса рӯзи 28 сентябри имсол рух дода, вале тоза хабараш ба дасти расонаҳо расидааст. Умеда Қулиеваи 21-сола бояд фарзанди нахустини худро ба дунё меовард. Ҷамъоварии пахта дар Узбакистон аз маъракаҳои муҳим ба шумор меравад. Ахиранимом-хатибони ин кишвар ҷамъоварии пахтаро амри воҷиб ё зарурӣ хонда, аз сокинон талаб карданд, ки ё ба саҳро бароянд, ё аз нигоҳи молӣ аб пахтачинҳо кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG