Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни тӯфони "Метю" дар Ҳаити аз 840 нафар гузашт. Бар илова, даҳҳо нафар бедарак шуда, даҳҳо тани дигар бе бехонумон гардиданд. Рӯзи ҷумъа ин тӯфон ба иёлати Флорида расид ва дар онҷо 800 ҳазор хонаро бе нирӯи барқ гузошт. Суръати тӯфон дар 1 соат ба 195 километр баробар аст. Тӯфони "Метю" баъд аз ин ба Ҷорҷия ва сипас ба Каролинаи Ҷанубӣ ҳаракат мекунад. Дар ҳарсеи иёлат сокинонро ба ҷои амн мекӯчонанд. Президент Барак Обама ва мақомоти дигари амрикоӣ аз сокинон хостаанд, ки дар ин замина аз дастурҳои ҳукумат кор гирифта, эҳтиёткор бошанд. Дар ҳоле ки, ба қавли онҳо, ин тӯфон дар 118 соли охир дар минтақа яке аз тӯфонҳои пуршиддат ва харобиовар будааст.

XS
SM
MD
LG