Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи хабарнигори украинӣ расман айб эълон шуд


Муфаттишони ФСБ, Хадамоти амнияти федеролии Русия, расман алайҳи журналисти боздоштшудаи украинӣ Роман Сушенко бо моддаи «ҷосусӣ» айб эълон карданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба қавли Марк Фейгин, вакили дифои Сушенко, хабар додааст. Вале Сушенко ин айбномаро қабул надорад.

Хабарнигори оҷонсии «Укринформ» Роман Сушенко ҳафтаи гузашта аз сӯи маъмурони ФСБ дар Маскав дастгир шуд. Додгоҳ ҳукми ду моҳи дар боздошт мондани ӯро содир кардааст ва дар ин муддат парвандаи ӯ таҳқиқ мешавад.

Хадамоти амнияти федеролии Русия гуфтааст, ки Сушенко полковники «разведка»-и Украина аст ва барои фаъолиятҳои ҷосусӣ вориди Русия шудааст. Дар Киев даст доштани Сушенкоро дар корҳои кашф рад карда, боздошти ӯро фитна номиданд. Укриана тақозо дорад, ки Сушенко ҳарчӣ зудтар раҳо карда шавад.

То ҳол дипломатҳои украинӣ натавонистаанд бо Сушенко дар боздоштгоҳ дидор кунанд. Вале Петр Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи ҷумъа дар Фейсбук хабар дод, ки кормандони консулгарӣ ҳафтаи оянда бо Роман Сушенко мулоқот хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG