Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани ду маргталаб дар Туркия


Мақомоти Туркия гуфтанд, ки ду бомбгузор дар канори Анқара, баъди тақозои пулис барои таслим шудан маводи таркандаро ба кор даровардаанд. Эркан Топака, волии Ҳатайи Туркия гуфт, ҳардуи бомбгузор – як марду як зан – дар ин ҳамлаи 8 октябр кушта шуда, каси дигар осеб надидааст. Хабаргузории расмии Анадолу навишт, ин афрод қасд доштанд, як мошини бомбгузоришударо тарконанд. Эркан Топака пайванди бомбгузоронро бо Ҳизби Коргарони Курдистон аз эҳтимол дур надонист. Баъди нақзи оташбас миёни Туркия ва Ҳизби Коргарони Курдистон беш аз 600 нирӯи амниятии Туркия ва ҳазорҳо ҷангҷӯи курд кушта шудаанд. Туркия дар ҳамлаҳои бомбгузоришуда, инчунин, гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро айбдор мекунад, ки чанде аз қисматҳои кишвари ҳамсояаш Сурияро таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG