Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мушаки “Искандар”-ро ба назди Соҳили Балтик бурд


Манобеи иттилоотии Амрико рӯзи 7 октябр гуфтанд, ки Русия як системаи мушакиро бо қобилияти партоби кӯлоҳаки ҳастаӣ ба вилояти Калинингради ин кишвар, дар наздикии Соҳили Балтик, интиқол додааст. Ба гузориши як радиои Эстония, мушакҳои кӯтоҳбурд мавсум ба “Искандар-М” тавассути киштии ғайринизомӣ аз Санкт-Петербург ба Калининград бурда шудааст. Русия ҳанӯз вокунише дар мавриди ин хабар нишон надодааст. Кремлин дар гузашта борҳо таҳдид карда буд, ки як системаи мушакиро бо ҳадафи мубориза бо таҳдидҳои эҳтимолии НАТО дар миёни марзи худ бо Иттиҳодияи Аврупо ҷойгир мекунад.

XS
SM
MD
LG