Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси порлумони Чеченистон мақоми Додгоҳи Олиро латту кӯб кард


Раиси порлумони Чеченистон Магамед Доудов иҷрокунандаи мақоми Раиси Додгоҳи Олӣ Тоҳир Мурдаловро латту кӯб кард. Сомонаи "Кавказ.Реалии" мегӯяд, ки ин ҳодиса шоми 6 октябр ба вуқуъ пайваст.

Довудов аз додгустар талаб кардааст, ки бо ихтиёри худ аз мақомаш истеъфо диҳад. Ҳангоми ҳамла ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси Додгоҳи Олӣ бинои додгоҳ дар ҳалқаи нафароне қарор гирифт, ки раиси порлумон бо худ оварда буд.

Баъд аз он ки Мурдалов талаби истеъфоро қабул накард, раиси порлумон таҳдид кард, ки агар ӯ ихтиёран наравад, кушта мешавад. Ба гуфтаи сомонаи "Кавказ.Реалии" ягон табиб дар Грозний ҳозир нашуд, ки дар бораи латту кӯби Мурдалов санад нависад, аз ин рӯ ӯ маҷбур шуд, ки ба идораи Хадамоти федеролии амният дар умури Чеченистон муроҷиат кунад.

XS
SM
MD
LG