Пайвандҳои дастрасӣ

Минск барои харидории нафт бо Теҳрон гуфтушунид пеш мебарад, дар ин бора президенти Беларус Александр Лукашенко хабар дод. Ӯ рӯзи 7 октябр дар нишасти порлумон гуфт, ки гуфтушунид бо Эрон дар пасманзари ихтилофи назарҳо бо Маскав дар заминаи воридоти нафт аз Русия ҷараён доранд.

Ба гуфтаи Лукашенко, ҷониби Эрон барои фурӯши манбаи энержӣ бозор мекобад ва омодааст, ки ба Беларус тахфиф ҳам бидиҳад. Раҳбари Беларус ба ҳукуматаш дастур дод, ки тарҳи лӯлаи нафти Балтикро мавриди омӯзиш қарор диҳад ва корхонаи коркарди нафтро дар шимоли кишвар бозсозӣ кунад.

Моҳҳои ахир Беларус дар масъалаи муайян кардани тарруфаи транзити нафт бо Русия мушкил дорад. Бинобар ин Александр Лукашенко барои музокирот бо ҳамсояҳо, бо шумули Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин Амрико изҳори омодагӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG