Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ номзадии Гутерришро тасдиқ кард


Шӯрои амнияти СММ якдилона аз номзадии Антониу Гутерриш, сарвазири пешини Португалия ба мақоми дабири кулли нави ин созмон ҳимоят ва барои тасдиқ ба Маҷмаи умумӣ пешниҳод кардааст.

Агар Маҷмаи умумии СММ ба ҷонибдории Гутерриш раъй диҳад, пас ӯ 1 январи соли равон дар вазифаи дабири кулли созмон Пан Ги Мунро иваз хоҳад кард. Пан Ги Мун, ки ду 5-солаи ахир ин созмони ҷаҳониро раҳбарӣ мекунад, Антониу Гутерришро "беҳтарин номзад" хондааст.

"Ман дарк мекунам, ки дар ҷаҳони муосир чи мушкилиҳое сари роҳи мо мавҷуд аст. Вале ҳиссиёти фурӯтанӣ моро водор мекунад, то ба қурбониёни ҷангу терроризм, беҳуқуқию беадолатӣ ва камбизоатӣ дасти кумак дароз кунем", - омадааст дар изҳороти Гутерриш.

Антониу Гутерриш аз соли 1995 то соли 2002 раиси ҳукумати Португалия ва солҳои 2005 то соли 2015 раҳбари Идораи СММ дар умури гурезаҳо буд.

Барои курсии Пан Ги Мун дар СММ 12 номзад рақобат карданд. Бархеи онҳо СММ-ро барои камҳаракатӣ дар ҳалли низои Сурия ва мубориза бо вируси Эбола шадидан интиқод карда, бархеи дигар хостори ислоҳоти сартосарии созмон шуданд.

XS
SM
MD
LG