Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Беларус қабри Ислом Каримовро зиёрат кард


Александр Лукашенко, президенти Белорус 6 октябр дар доираи як сафари корӣ аз Ӯзбекистон боздид ва дар шаҳри Самарқанд бо Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Зимни гуфтушунид Лукашенко дар бораи "имкониятҳои бузург"-и ду кишвар барои ҳамкорӣ суҳбат кардааст. "Мо дар самти робитаҳои иқтисодӣ каме ақиб мондем. Бовар дорам, ки дар ояндаи наздик - ду ё сел соли дигар ин вазъи хандаовари табодули колоро пушти сар хоҳем кард. Имкониятҳои бузург мавҷуд ҳаст. Мо ба шумо ниёз дорем ва шумо ба иқтисоди мо", - иқтибос овардааст хадамоти матбуотии президенти Белорус аз суханони Лукашенко.

Шавкат Мирзиёев низ дар навбати худ Белорусро "шарики дерина ва дӯст"-и Ӯзбекистон хонда, гуфтааст, ки сатҳи кунунии табодули коло миёни ду кишвар қаноатбахш нест. "Мо самтҳои муштаракеро бояд ёбем, ки ба афзоиши табодули мол мусоидат кунанд", - афзудааст Мирзиёев.

Лукашенко дар шаҳри Самарқанд бо ҳамсари Ислом Каримов, президенти нахустини Ӯзбекистон мулоқот ва ба ӯ ҳамдардӣ баён кард. Президенти Беларус рӯзи панҷшанбе ҳамчунин аз қабристони "Ҳазрати Хизр" боздид ва дар сари қабри Каримов гулчанбар гузошт.

XS
SM
MD
LG