Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Портрети Путин дар пули Манҳеттени Ню-Йорк пайдо шуд


Дар пули Манҳеттени шаҳри Ню-Йорк акси калони президенти Русия Владимир Путин бо навиштаҷоти "Сулҳпарвар" насб шуд. Постер, ки андозааш аз 6 то 10 метр буд, қабл аз он ки пулис онро аз пул барканад, ҳудудан як соат овезон буд.

Ходимони пулис ба омӯзиши дурбинҳои назорати оғоз кардаанд, то муайян кунанд, ки портрети Путинро кӣ насб кардааст. Матбуоти маҳаллӣ бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки аксро ду нафар овехтанд. Пулис то ҳол касеро боздошт накардааст. Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 7 октябр зодрӯз дорад ва 64-сола мешавад.

XS
SM
MD
LG