Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 соли зиндон барои қасди тарконидани бинои пулис


Додгоҳи Кӯлоб як ҷавони 29-солаи ин шаҳрро барои аъмоли террористӣ ва ифротгароёна муҷрим шинохта ва ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Масъулони додгоҳи Кӯлоб рӯзи ҷумъаи 7 октябр зимни тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки “додгоҳ Сайфиддин Салимов, сокини 29-солаи ин шаҳрро, ки дар қасди тарконидани шӯъбаи корҳои дохилӣ мутаҳҳам дониста мешуд ба 14 соли зиндон маҳкум кард”.

Ба гуфтаи ин масъулон, Сайфиддин Салимов, ки моҳи март аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда буд, бар асоси моддаҳои моддаи 187 ва 307, прим 2, қисми 2, ва 401, прим 1 –и Кодекси ҷиноӣ, яъне захридӣ, ҷалбу омӯзиш ва маблағгузорӣ ба хотири ширкат дар амалиётҳои низомӣ”, ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва динӣ” мутаҳҳам дониста мешуд.

Тафтишот маълум карда, ки се моҳ дар суфуфи созмони “Давлати исломӣ” дар Туркия омодагии ҷангӣ гирифта ва қасд доштааст, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бинои шӯъбаи корҳои дохлии Кӯлобро тарконад.

Дар ҳамин ҳол вакили дифоъи Сайфиддин Салимов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қасди шикоят аз болои ҳукми додгоҳро надорад.

XS
SM
MD
LG