Пайвандҳои дастрасӣ

Қодиров Емеляненкоро ба нақзи меъёрҳои ахлоқӣ муттаҳам кард


Рамазон Қодиров раҳбари Иттиҳодияи муҳорибаҳои омехтаи якҳарба Федер Емеляненкоро барои нашри аксҳо аз сабқати Грозний, ки дар он писарони раҳбари Чеченистон иштирок доштанд, дар нақзи меъёрҳои ахлоқӣ муттаҳам кард. "Нашри акси фарзандони одамони бегона ва таҳрик дар нашри шарҳҳои нохушоянд нақзи мустақими меъёрҳои ахлоқӣ аст", - навиштааст Қодиров дар Инстаграмм.

Раҳбари Чеченистон дар заминаи изҳороти Федер Емелеяненко, ки иштироки кӯдаконро дар муҳорибаҳои омехтаи якҳарба ғайриқобили қабул хондааст, гуфт мавқеи Емеляненко барои ӯ қобили фаҳм мебуд, агар ин варзишгар боре ҳам ба Чеченистон меомад ва медид, ки чӣ тавр варзиш рушд мекунад ва чӣ тавр дар ҳақи кӯдакон ғамхорӣ мешавад. "Федор, ту ҳақ нестӣ, паҳлавонҳои рус чунин рафтор намекунанд!", - гуфтааст Рамазон Қодиров.

Рӯзи 4 октябр дар шаҳри Грозний сабқати муҳорибаҳои омехтаи якҳарба "Grand Prix Akhmat 2016" ҷараён гирифт, ки дар чаҳорчӯби он кӯдакон, бо шумули се писари Рамазон Қодиров низ ба муҳориба ҷалб шуданд. Писарони Қодиров дар муҳориба ғолиб омаданд ва писари бузургаш ҳарифашро аз пой афтонд. Раҳбари Иттиҳодияи муҳорибаҳои омехтаи якҳарба Федер Емеляненко иштироки кӯдаконро дар сабқати Грозний танқид кард ва гуфт, ки кӯдакони то 12-сола на танҳо дар бозӣ, балки дар толори тамошо низ набояд ҳузур дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG