Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон вазорати кайҳону ҳавонавардӣ таъсис ёфт


Дастури Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон барои таъсиси Вазорати мудофеа ва саноати ҳавонавардӣ дар кишвараш 6 октябр нашр шуд.

Фаъолияти асосии ин вазорат ба иҷрои сиёсатҳои давлат дар самти мудофеа, саноати электронию кайҳон ва ҳавонавардӣ, амнияти иттилоотӣ дар соҳаи иттилооту иртиботот (амнияти киберӣ), омодагӣ ба сафарбаршавӣ ва сафарбаркунӣ, ташкил ва рушди захираҳои моддии давлатӣ, иштирок дар иҷрои сиёсати ягонаи ҳарбӣ-техникию ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва роҳбарӣ дар самти ташкил, таъсис ва иҷрои фармоишҳои мудофиавӣ равона шудааст.

Ҳамчунин баъзе аз вазифа ва салоҳиятҳои вазоратҳои дифоъ, сармоягузорӣ ва рушд, иқтисоди миллӣ ва иттилооту иртибототи Қазоқистон дар ихтиёри ниҳоди тозатаъсис гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG