Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Сорос аз Путин барои қатъи ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Ҳалаб


Ҷорҷ Сорос, муассиси бунёди "Ҷомеаи боз" гуфтааст, дар "фоҷеаи инсонии таърихан бузург"-и Ҳалаб Русия айбдор аст.

Ба гуфтаи вай, масъулияти бомбаборони сокинони осоиштаи Ҳалаб, ки ҳавопаймоҳои Русия ба ҷонибдорӣ аз нерӯҳои хушкигарди режими Башор Асад анҷом медиҳанд, ба зиммаи президент Владимир Путин хоҳад буд.

"Дар натиҷаи ин амалиёти ҳарбӣ беморхонаҳо аз фаъолият монда, сокинон бо камбуди об рӯбарӯ шудаанд", - омадааст дар изҳороти Сорос.

Ҷорҷ Сорос аз мардуми Русия ва ҷаҳон даъват кардааст, ки бетараф набошанд ва ғазаби худро ба ҳаводиси ҷорӣ ошкоро баён кунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, фишори афкори ҷомеа метавонад Путинро водор ба қатъи ҷиноятҳои зиддиинсонӣ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG