Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди Аврупо нерӯҳои муштараки марзбон таъсис дод


Дар Иттиҳоди Аврупо (ИА)дар чаҳорчӯби мубориза зидди буҳрони муҳоҷират 6 октябр хадамоти нав -- Горди марзӣ ва соҳилии Аврупо ба кор шурӯъ кард. Маъмурони нахустини он ба гузаргоҳи марзии миёни Булғористон ва Туркия сафарбар шудаанд.

Қароргоҳи марказии хадамот дар Варшава ҷойгир буда, то декабри соли равон шумори нерӯҳои захиравияш ба 1500 нафар хоҳад расид, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ ба марзҳои берунии ИА сафарбар мешаванд.

Ин хадамот ҳамчунин метавонад, муҳоҷиронеро, ки дар ИА ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт карда натавонистанд, бозпас фиристад.

Горди марзӣ ва соҳилии Аврупо нахустин хадамоти фаромиллии ИА барои назорати марзҳои берунист. Соли 2015 беш аз якуним миллион муҳоҷир аз кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо барои дар Иттиҳоди Аврупо паноҳҷӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG