Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва Ветнам тиҷоратро ривоҷ медиҳанд


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷуҳури Эрон дар ҷараёни сафараш ба Ветнам гуфт, ду кишвар аҳд кардаанд, ки тиҷоратро рушд медиҳанд ва мизони онро то 2 миллиард мерасонанд. Изҳороти Рӯҳонӣ дар ин робита рӯзи 6 сентябр баъди мулоқот бо президенти Ветнам Тран Дайи ва имзои чанд созишномаи ҳамкорӣ дар Ҳаной пахш шуд. Рӯҳонӣ гуфт, ки Эрон омода аст барои ширкатҳои ветнамӣ шароити мусоидро фароҳам созад, то ҳузури онҳо дар бозори Эрон назаррас шавад.

Ба гуфтаи хабаргузории давлатии ИРНО, мизони тиҷорати Эрону Ветнам дар соли 2015 ба 350 миллион доллар баробар буд. Рӯҳонӣ бо ҳайъати бузурги давлатӣ сафареро ба Осиёи Ҷанубушарқӣ оғоз кардааст. Баъди Ветнам ӯ ба Малайзия ва Тайланд меравад ва дар нишасти "Муколамаи ҳамкории Осиё" иштирок мекунад.

Эрон, ки акнун аз фишори таҳримҳои байналмилалӣ раҳо шудааст, мехоҳад иқтисоди худро такон бидиҳад. Таҳримҳо моҳи январ баъди созиши Теҳрон бо қудратҳои ҷавонӣ бар сари барномаи зиддунақизи ҳастаии Эрон лағв шуданд.

XS
SM
MD
LG