Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бинои "80-солагии пойтахт"


Акси манзили сӯхта
Акси манзили сӯхта

Дар Душанбе, дар бинои истиқоматии навсохти "80-солагии пойтахт" сӯхтор рух дод. Ин ҳодиса нимарӯзи 6 октябр дар як манзили якҳуҷрагии табақаи 4-уми ин бино рух дод. Дар натиҷа, як зан, ки эҳтимолан обистан будааст, бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористони интиқол ёфт. Ин бино дар рӯбарӯи сохтмони "Душанбе-Плаза" ҷойгир аст. Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, сабаби сӯхтор бархӯрди ноқили барқ будааст. Ҳуҷраи мазкур комилан сӯхтаааст.

Ҳанӯз мизони хисорот маълум нашудааст.

XS
SM
MD
LG