Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо аскари афғон аз тамрин дар Амрико нопадид шудаанд


Хабаргузории Ройтерс аз қавли мақомоти Пентагон мегӯяд, ки дар камтар аз ду сол даҳҳо низомии Афғонистон, ки барои тамрин ба Иёлоти Муттаҳида даъват шуданд, эҳтимолан ба хотири зиндагӣ ва кори ғайриқонунӣ дар Амрико нопадид шудаанд. Сухангӯи вазорати дифои Амрико Адам Стамп ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки макони будубоши 44 низомии Афғонистон номаълум боқӣ мондааст.

Аз 1 сентябр то имрӯз 8 низомӣ аз Афғонистон бидуни иҷоза аз пойгоҳҳои низомӣ дар ИМА хориҷ шуданд. Як мақоми дифои Амрико гуфтааст, ки зуд-зуд "нопадид" шудани сарбозони Афғонистон ҳодисаи "ғайримаъмулӣ" аст. Пентагон равишҳои аз санҷиш гузаштан ё ба истилоҳ ғалбери барномаҳои тамриниро таҳким мебахшад, гуфтааст сухангӯи ин ниҳод.

Аз соли 2007 беш аз 2 ҳазор сарбози Афғонистон дар Амрико тамрин гирифтаанд. Аз соли 2002 Амрико барои тамрин ва муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои вежаи Афғонистон 60 миллиард доллар тахсис додааст. 15 сол баъд аз вуруди нерӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико ва сарнагун кардани Толибон, Афғонистон ҳамчунон кишвари аз ҷиҳати сиёсӣ бесубот ва фақиртарини дунё боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG