Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писарони Рамазон Қодиров падарро ба интиқод рӯ ба рӯ карданд


Писарони раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров бо иштирок дар муҳорибаҳои якҳарбаи махлут, ки бештар бо номи муҳорибаи бидуни қоида машҳур аст, падари худро дубора ҳадафи танқид қарор доданд. Се писари Қодиров аз 8 то 10 сол доранд ва муҳорибаи онҳо аз тариқи телевизион намоиш дода шуд. Раҳбари Иттиҳоди муҳорибаи якҳарбаи омехтаи Русия (ММА) Федор Емеляненко муҳорибаи писарони Рамазон Қодировро "ғайри қобили қабул" номид ва гуфт, ки дар чунин муҳориба кӯдакон метавонанд ҷароҳати якумрӣ бардоранд ва аз ҷиҳати физиологӣ нуқс пайдо кунанд.

Изҳороти Емеляненко дар Инстаграм як рӯз баъд аз он пахш шуд, ки писарони Рамазон Қодиров - Аҳмад Алӣ ва Адам, дар муҳорибаи бидуни қоидаи бахшида ба "намоишгоҳи муҳориба" дар Грозний пирӯз шуданд.

Федер Емеляненко гуфтааст, ки кӯдакони зери синни 12 бояд ба муҳорибаҳои омехта роҳ наёбанд ва ҳар нафари зери синни 21 дар вақти ҳарб бояд бо кулоҳ ва лавозимоти зарури муҳофизатӣ таъмин бошад. Ӯ ҳамчунин аз ин изҳори нороҳатӣ кард, ки ҳарби кӯдакон аз тариқи телевизион намоиш дода шуд.

Рамазон Қодиров саҳнаҳои муҳорибаи кӯдаконро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст. Ӯ рӯзи 5 октябр, дар рӯзи 40-солагиаш ҳамчун раҳбари Чеченистон савганд ёд кард.

XS
SM
MD
LG