Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия косахонаи сари Кейкӣ Ботирро ба Қазоқистон дод


Русия косахонаи сари раҳбари Ҷумбиши Озодихоҳи Қазоқистонро барои хоксупорӣ баргардонд. Мақомоти вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки косахонаи сари Кейки Ботир рӯзи 6 октябр бо ҳавопаймо аз Санкт-Петербург ба Остона интиқол ёфт.

Наздикони Ботир ба истиқболи ҳавопамои ҳомили боқимондаҳои аҷдоди худ дар фурудгоҳ ҷамъ омаданд. Русия моҳи август розӣ шуд, ки косахонаи сари Кейкӣ Ботирро ба Қазоқистон бидиҳад.

Кейкӣ Ботир, ки ҳамчунин бо номи Нурмагамбет Кокембойулу шинохта шудааст, раҳбари калидии шӯриши қазоқҳо бар зидди шоҳи Русия дар соли 1916 шинохта шудааст. Ӯ ҳамчунин ҳукумати Шӯравиро баъди омадани болшевикҳо дар соли 1917 эътироф накард.

Шӯравӣ Кейкӣ Ботирро соли 1923 ба қатл расонд ва косахонаи сари ӯро дар осорхонаи Кунтскамераи Санкт-Петербург гузошт. Ҳукумати Қазоқистони мустақил Кейкӣ Ботирро қаҳрамони миллӣ эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG