Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон хабари ҳамлаҳо дар Ироқро ҷиддӣ мегирад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пентагон гуфт, ки гузоришҳо дар бораи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ироқро таҳқиқ мекунанд, ки дар натиҷаи он, 19 шӯришии суннимазҳаби тарафдори ҳукумат кушта шудаанд. Ҳодиса субҳи 5 октябр дар ҷануби Мосул рух дод. Дар ин макон он соатҳо амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ барои зери назорат даровардани шаҳр аз дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷараён дошт. Шайхи суннимазҳаб Назҳан ал-Лиҳобӣ гуфт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ баъди он шурӯъ шуд, ки дар минтақаи Ҳоҷӣ Алӣ миёни нирӯҳои давлатӣ ва шӯришиён задухӯрдҳо ҷараён дошт. Ба иттилои ӯ, панҷ ҷангии дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд. Эътилофи ба раҳбарии ИМА гуфт, ки ҳамлаҳо дар ин минтақа бо дархости нирӯҳои амниятии Ироқ роҳандозӣ шуд ва дар натиҷа, як сохтмон хароб карда шуда 8 ҷангӣ кушта шудааст.

Як сухангӯи эътилоф гуфт, ки аз гузоришҳои дар ин сохтмон қарор доштани ҷангиёни қабилаҳои суннимазҳаб огаҳ шудаанд ва ин гузоришҳо ҷиддӣ гирифта шуда мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.

Маҳмуд Алӣ, як афсари қабилаи ҷангиёни Лаҳайбӣ гуфт, ки нирӯҳои вижаи амрикоӣ ба минтақа ҳозир шуда огоҳ карданд, ки ҳамлаҳои мушакӣ анҷом мешавад ва онҳо бояд аз ин ҳамлаҳо худро эмин нигоҳ доранд. Вале маълум нест, ки ин машваратро гӯш кардаанд, ё на.

XS
SM
MD
LG