Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қодиров дар мақоми раҳбари Чеченистон савганд ёд кард


Дар Чеченистон маросими савгандёдкунии Рамазон Қодиров дар мақоми раҳбари ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ баргузор шуд. Зимни суханронӣ дар ин маросим рӯзи 5 октябр, Қодиров ваъда дод, ки ҷумҳурӣ ба пешрафтҳои иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ ва инчунин коҳиши бекорӣ даст меёбад. Қодиров гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави мисли “Давлати исломӣ” бояд дар самти ахлоқу равони насли ҷавон корҳое ба роҳ монда шавад. Вай гуфт, донишҳои мазҳабӣ аз рӯи муқаррароти Қуръону Суннат барои ҷавонон муҳим аст. Қодирови 39-сола, ки аз ҷониби президент Путин пуштибонӣ мешавад, аз соли 2007 раҳбарии Чеченистонро ба ӯҳда дорад. Ӯ дар интихоботи рӯзи 18 сентябр бо 97 % оро баранда шуд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар Қодировро дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, одамрабоӣ, шиканҷа ва кушторҳои ғайриқонунӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG