Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Антониу Гутерриш дабири кулли нави СММ мешавад


Собиқ нахуствазири Португалия Антониу Гутерриш дабири кулли нави СММ мешавад. Хабаргузории Reuters гуфт, дар ҷараёни овоздиҳии ғайрирасмии рӯзи чоршанбе, ҳеҷ як аз панҷ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ бо номзадии Гутерриш мухолифат накард. Расман дабири нави кулли СММ субҳи 6 октябр интихоб мешавад. Мӯҳлати фаъолияти ӯ панҷ сол бо ҳақи интихоби дубора давом хоҳад кард. Бан Кӣ Мун дар ин мақом аз соли 2007 ба ин сӯ қарор дошт. Гутерриш солҳои 1995-2002 нахуствазири Португалия буд. Дар солҳои 2005-2015 раиси комиссариати умури муҳоҷирони СММ будааст.

XS
SM
MD
LG