Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷозот барои начидани пахта дар Ӯзбакистон?


Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба хонаводаҳое, ки ба пахтачинӣ набаромадаанд, равғани арзон намефурӯшанд. Аммо ба онҳое, ки пахтачинӣ кардаанд, бе навбат равған ва маводи дигари ғизоии арзоншуда медиҳанд. "Дар мағозаҳо ба онҳое, ки пахтачинӣ накарданд, бо маҳдудият маҳсулоти ғизоӣ мефурӯшанд. Ҳар кадом узви хонавода ҳақ дорад, ки ҳамагӣ ним литр равған бихарад", - мегӯяд яке аз шоҳидон. Тавре аз Ӯзбекистон хабар мерасад, 4 литр равғани пахта дар мағозаҳои тиҷоратии вилояти Фарғона 45 ҳазор сӯм (муодили тақрибан 50 сомонӣ) арзиш дорад, аммо дар мағозаҳои давлатӣ онро мешавад дар ивази 32 ҳазор сӯм (тақрибан 40 сомонӣ) ба даст овард. Чанде пеш, зимни сафари иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ин вилоят ҳамаи кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба пахтачинӣ фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG