Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Қирғизистон никоҳи исломии ноболиғонро манъ кард


Вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунеро, ки никоҳи исломии ноболиғонро манъ мекунад, қабул карданд. Ин лоиҳаи қонун тағйиру иловаҳоро дар Кодекси оила ва Кодекси ҷиноятии Қирғизистон пешбинӣ кардааст.

Яке аз муаллифони лоиҳаи мазкур Аида Салянова, вакили порлумони Қирғизистон, мегӯяд, ин тарҳ ба хотири пешгирӣ аз никоҳи ноболиғон ва кӯдакон қабул шудааст.

Ин лоиҳа ҳамчунин барои қайд накардани ақди никоҳи ноболиғон дар ниҳодҳои давлатӣ аз 3 то 5 соли зиндон пешбинӣ кардааст.

Тибқи омор, дар Қирғизистон 15 дарсади духтарон то синни 18-солагӣ шавҳар мекунанд. 1 дарсади дигар то 15-солагӣ ба шавҳар дода мешаванд. Миёни 35 кишвари Авруосиё Қирғизистон аз рӯи никоҳҳои барвақтиаш мақоми панҷумро ишғол мекунад.

XS
SM
MD
LG