Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиноси СММ: Корвонҳои Ҳалаб аз ҳаво мушакборон шуданд


Як коршиноси СММ гуфт, таҳлили наворҳои маҳвораӣ собит мекунад, ки корвони кӯмакҳои башарӣ дар Сурия дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ осеб диданд. Ларс Брумлӣ, як муҳаққақи СММ, ки масъули омӯзиши навору аксҳои маҳвораӣ аст, рӯзи 5 октябр гуфт, ки корвони кӯмакҳо аз ҳаво мушакборон шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 19 сентябр рух дод ва дар натиҷа, дар наздикии Ҳалаби Сурия 20 нафар кушта шуданд. ИМА ҳавопаймоҳои Русияро масъули ин ҳамлаҳо номид, ки дар натиҷа ҳамчунин 18 мошин, як захирагоҳ ва ҳам як бемористонро мавриди ҳадаф қарор дод. Маскав ин иттиҳомотро рад кард ва гуфт, ки корвон дар натиҷаи сӯхтор нобуд шуд. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ҳафтаи гузашта гуфт, ки ин ҳодисаро як ҳайати махсус таҳқиқ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG