Пайвандҳои дастрасӣ

Вячеслав Володин - раиси нави Думаи давлатии Русия


Вячеслав Володин ба мақоми раиси Думаи давлатии Русия интихоб шуд. Номзадии Володинро ба ин мақом президент Владимир Путин пешбарӣ кардааст. Муовинони ӯ дар ин мақом – вакили ҳизби “Русияи воҳид” Александр Жуков ва намояндаи ҳизби коммунисти Русия Иван Мелников интихоб шуданд.

Инчунин Володин бо як имзои Путин ба узвияти доимии Шӯрои амнияти Русия ворид шуд. Ба ҷои Володин дар вазифаи муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Русия директори кулли корпоратсияи “Росатом” Сергей Кириенко таъин шуд. Володин соли 2011, баъди аз кор рафтани Сурков муовини раиси дастгоҳи президенти Русия шуд. Ӯро бештар барои он мешиносанд, ки соли 2014 дар як ҷаласаи “Клуби Валдай” гуфт: “Путин набошад, Русияи имрӯза ҳам вуҷуд надорад”.

XS
SM
MD
LG