Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Светлана Ганнушкина - номзади ҷоизаи сулҳи Нобел


Мудофеи маъруфи ҳуқуқи башари Русия Светлана Ганнушкина ва ҳам ҳайати эҷодии нашрияи “Новая газета” ба ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2016 пешбарӣ шудаанд. Таҳлилгарон шонси Ганнушкинаро барои бурдани ҷоизаи бонуфуз хеле хуб арзёбӣ мекунанд. Ӯ раиси Кумитаи “Мусоидати шаҳрвандӣ” ва раҳбари шабакаи “Муҳоҷират ва ҳуқуқ” дар назди маркази “Мемориал” мебошад. Ин хабарро рӯзи 5 октябр сайти “Мусоидати шаҳрвандӣ” нашр кард. Дар баробари Ганнушкина, дар миёни номзадҳои эҳтимолии бурдани ҷоизаи сулҳи Нобел инчунин президенти Колумбия Ҳуан Мануэл Сантос ва раҳбари шӯришиён ФАРК Тимолеон Ҳименес ном бурда мешаванд, ки муддате пеш созишномаи сулҳи хатми ҷанги 50-соларо имзо карданд. Як номзади дигари Нобел – Эдвард Сноуден аст, ки муддате дар Маркази иктишофии ИМА кор карда соли 2013 роҳҳои пинҳонии ҷосусиро фош кард. Ҷоизаи сулҳи Нобел ҳар сол моҳи декабр дар шаҳри Осло тақдим мешавад.

XS
SM
MD
LG