Пайвандҳои дастрасӣ

Филми нави мустанад дар бораи режими Путин


Дмитрий Киселев - яке аз мубаллиғони режими Путин дар телевизиони давлатии Русия

Дмитрий Киселев - яке аз мубаллиғони режими Путин дар телевизиони давлатии Русия

Телевизиони олмонии ZDF филми мустанади наверо бо номи «Шабакаҳои махфии Путин ва ё Роҳи таҷзияи Ғарб аз ҷониби Русия» намоиш дода шуд. Ба қавли Юрий Векслер, хабарнигори радио Свобода дар Олмон, ин филм дар бораи мудирияти низоми тарғиботи давлатии режими Путин дар дохил ва хориҷи кишвар дар мисоли шахсиятҳои мушаххаси мисли Александр Дугин, Дмитрий Киселев или Владимир Якунин нақл мекунад. Дар сатҳи функционерҳои сатҳи хурд ё ҷавон, Путин ба ҳайси як “Худо” талаққӣ мешавад, мегӯяд мустанади олмонӣ. Муаллифони филм гуфтаанд, ки аз роҳи сармоягузорӣ дар хориҷа, режими Путин талош дорад низоми демократӣ дар Аврупоро ҳам тавассути ҳаракати миллатгароҳо ба ҳам занад.

XS
SM
MD
LG