Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони САҲА ба Ӯзбекистон бармегарданд


Гуруҳи нозирони САҲА аз 11 то 14 октябри соли равон дар Ӯзбекистон корро шуруъ карда, бо вазъи сиёсии дохилии ин кишвар шинос хоҳанд шуд.

Тавре “Независимая газета” менависад, назорати комили интихоботи президентии 4 декабри Ӯзбекистон ба натиҷаҳои ин шиносоӣ бастагӣ хоҳад дошт.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон ин гуруҳи САҲА-ро барои баҳо додани интихоботи оянда ба Тошканд даъват кардааст. Мақомоти ӯзбек ба кишварҳои Ғарб нишон медиҳанд, ки ба арзишҳои демократӣ эҳтиром мегузоранд.

Солҳои гузашта САҲА ба ҳама гуна интихоботҳои Ӯзбекистон шумораи маҳдуди нозирони худро мефиристод ва дар шарҳи он мегуфт, ки “дар интихоботҳои Ӯзбекистон рақобат дида намешавад ва аз ин рӯ, ба сафари ҳайати комил ниёзе нест”.

XS
SM
MD
LG