Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон созишномаи амниятиро бо Кувайт имзо кард


Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ

Вакилони порлумони Тоҷикистон созишномаи амниятии миёни Тоҷикистон ва Кувайтро ба тасвиб расонданд. Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, рӯзи 5 октябр гуфт, ин санад метавонад дар мушаххас кардани теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок доранд, кумак кунад. Ин санад моҳи майи соли равон дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт имзо шуда ва рӯзи чоршанбе аз тарафи порлумон тасвиб шуд. Ҳадафи санад мубодилаи иттилоот, давраҳои омӯзишӣ барои ниҳодҳои амниятии ҳар ду кишвар дар бахши мубориза алайҳи терроризм, саромягузории ин зуҳурот ва харидуфурӯши одамон ро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG