Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакилон ҳабси Сушенкоро ғайриқонунӣ донистанд


Роман Сушенко

Роман Сушенко

Вакилони мудофеи Роман Сушенко, рӯзноманигори украинӣ, ки мақомоти махсуси Русия ӯро ба ҷосусӣ айбдор мекунанд, аз болои қарори ҳабси зерҳимояашон шикоят бурдаанд. Дар ин бора Интерфакс бо истинод ба хадамоти матбуотии додгоҳи Лефортово иттилоъ додааст. Марк Фейгин, вакили дифои Сушенко дирӯз тавонистааст, ҳамроҳи зерҳимояаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ мулоқот кунад. Ба гуфтаи вай, Роман Сушенко худро бегуноҳ медонад.

Роман Сушенко, рӯзноманигори хабаргузории "Укринформ"-ро кормандони Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи ҷумъа боздошт карданд ва ӯ бо қарори додгоҳ 1 октябр ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатии "Лефортово" нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомоти махсуси Русия иддао доранд, ки Роман Сушенко корманди хадамоти иктишофии Украина аст. Вазорати дифои Украина ин иддаоро рад карда, Киев аз Маскав талаб дорад, ки Сушенкоро фавран озод кунад. "Укринформ" боздошти кормандашро "дасисаи тарҳрезишуда" хонд.

XS
SM
MD
LG